АКС: Варзишгарони тоҷик дар роҳ ба Қазоқистон
Варзишгарони Тоҷикистон ҷиҳати ширкат дар Бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди ҳамгироии иқтисодии Авруосиё ба шаҳри Алмаато сафар карданд.
Бозиҳои сеюми варзишии Иттиҳоди ҳамгироии иқтисодии Авруосиё миёни наврасону бонувон аз 14 то 21 сентябри соли равон дар пойтахти Қазокистон баргузор мешавад. Ҳайати варзишгарони тоҷик, ки беш аз 80 нафаранд дар риштаҳои гуногун, аз ҷумла варзиши сабук, бокс, гуштии тарзи озод, гуштии юнону римӣ, самбо, ҷудо, теквандо ва шиноварӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Абдурозиқ Олимов, сармураббии гуштии тарзи озод, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, Тоҷикистонро дар ин риштаи варзиш дар Алмаато 11 нафар намояндагӣ хоҳанд кард. “Ин бори дуюм аст, ки мо дар ин мусобиқа ширкат мекунем. Бори аввал соли 2007 дар ҳайати 6 нафар ширкат кардем ва бо 5 медал ба ватан омадем”,-афзуд ӯ.
Мусобиқаи мазкур дар чор сол як маротиба баргузор мешавад.
Қабл аз сафар варзишгарони тоҷик ҳамчун рамзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, амири сулолаи Сомониён гул гузоштанд. Хабарнигори “Озодагон” Ибодуллоҳи Тоҳир ҳам он ҷо буд ва чанд аксе ҳам бардошт.