Даъвати Узбакистон аз СҲШ барои наҷоти баҳри Арал
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон аз раҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай(СҲШ) барои ҳалли мушкилоти баҳри Арал кумак хост.
Каримов, ки рӯзи 13-уми сентябр дар иҷлоси сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Бишкек дар ин бора ҳарф мезад, гуфтааст, мо бунёдеро оид ба наҷоти баҳри Арал раҳбарӣ мекунем: “Фикр мекунам, ки кишварҳои мо метавонанд, барои ҳифзи Арал ва пешгириии ин фоҷиа кумак кунанд.”
Ба назари раисиҷумҳури Узбакистон СҲШ метавонад, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сармоягузорони байналмилалиро ба масъалаи баҳри Арал ҷалб кунад.
Ислом Каримов дар хотимаи суханронии худ ба ҳамтоёни тоҷикаш дар раҳбарии СҲШ комёбӣ хостааст.