Райисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон аз таъсиси бозори минтақавии нерӯи барқ гуфтанд
Эмомалӣ Раҳмон ва Алмосбек Атамбоев, райисҷумҳурони Тоҷикистону Қирғизистон зимни як дидор дар шаҳри Бишкек ба мавқеи созандаи худ дар робита ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва таъсиси бозори минтақавии нерӯи барқ таъкид доштаанд. Дар ин бора торнамои президенти Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, онҳо “таъкид доштанд, ки дар ин самти муносибот дар ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангӣ фаъолият хоҳанд кард”.
Дар ин мулоқот ҳамчунин аз ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2012 изҳори қаноатмандӣ шудааст: “Гардиши мол ба 80 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки нисбат ба соли 2011 43 миллион бештар мебошад. Танҳо дар шаш моҳи соли равон ин нишондод ба 94 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нишонаи афзоиши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар аст”, – гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамзамон таъкид гардидааст, ки имконот барои боз ҳам бештар намудани ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз зиёд аст.
Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи СҲШ ба Қирғизистон сафар намуда буд.