Эмомалӣ Раҳмон алайҳи ҳуҷуми Амрико ба Сурия баромад
Сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, имрӯз, 13-уми сентябр, бо қабули як эъломия дар шаҳри Бишкек алайҳи ҳамлаи низомии Амрико ба Сурия баромаданд.
Раисони ҷумҳуриҳои узви СҲШ -Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон дар ҷаласаи Бишкек бо қабули эъломия аз Амрико даъват намудаанд, ки барои ҳалли буҳрон дар Сурия аз зӯри низомӣ кор набарад. Роҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай бо роҳи дипломатӣ ва дар асоси меъёрҳои Созмони милали муттаҳид ҳал гардидани буҳрони Сурия таъкид намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико бо такя ба он, ки ҷонибдорони Башор Асад, раисиҷумҳури Сурия аз силоҳи кимиёвӣ истифода кардаанд, ҳушдор дод, ки аз зӯри низомӣ дар ин кишвар истифода хоҳад кард.