ИНИТ аз Шоҳиён тақозо кард, "тақдир"-и муҳоҷиронро ҳал кунад
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар нахустин баёнияи матбуотии худ аз Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ тақозо кардааст, шароити ширкати муҳоҷирони корӣ дар интихоботи президентиро рӯшан кунад.
Дар ҳоле ки ба бовари ИНИТ, “агар Кумисюни марказии интихобот ширкати муҳоҷирони кориро таъмин карда наметавонад, пас, бояд онҳоро низ аз шумораи 5 дарсадии ҷамъоварии имзо барои ҷонибдорӣ аз ин ё он номзад истисно намояд, ки дар натиҷа шумораи имзо аз 210 ҳазор хеле поин хоҳад омад.”
Абдуқаюми Қаюмзод, сухангӯи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, гуфт, дар ҳоле Кумисюни марказии интихобот аз шумори 4 миллион шаҳрванд ҷамъоварии 210 ҳазор имзоро панҷ дарсад меҳисобад, ИНИТ ин рақамро таҳти шубҳа қарор додааст. ИНИТ мегӯяд, шумораи муҳоҷирони корӣ ва шаҳврандони дар хориҷбуда бояд аз ҳисоби 4 миллион берун карда шаванд ва имзоҳо низ на 210 ҳазор, балки аз он камтар хоҳанд шуд. “Вақте муҳоҷирони корӣ ҳаққи додани имзо барои номзади мавриди назарро надошта бошанд, пас, онҳоро бояд аз шумораи умумии имзоҳо берун кард”,-гуфт Қаюмзод.
Аз ин пештар, 31-уми августи соли ҷорӣ, Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР, гуфта буд, ҷамъоварии имзо аз муҳоҷирони корӣ барои пуштибонӣ аз номзад ба мақоми президентӣ бо сабабҳои техникӣ ғайриимкон аст. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ин ҳарфҳои Шоҳиёнро мухолифи Қонуни асосӣ дониста, мегӯяд, “ин гуфтаи раиси КМИР нақзи ҳуқуқи интихоботӣ ва конситутсионии беш аз 40 дарсади шаҳрвандонест, ки дар муҳоҷирати кории иҷборӣ ба сар мебаранд”,-омадааст дар баёнияи ИНИТ.
Дар поёни баёния омадааст, пеш аз ҳама талаботи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии дар асоси банди аввали моддаи 10-уми Сарқонун беэътибор дониста шуда ва “ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон-муҳоҷирони корӣ ва онҳое, ки берун аз кишвар ба сар мебаранд, дар ҷамъоварии имзо барои ҷонибдорӣ аз ин ё он номзад ба мақоми президентӣ таъмин карда шавад”.