Ваъдаи додраси Додгоҳи олӣ ба пайвандони Зайд Саидов
Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олии Тоҷикистон, гуфтааст, ду пайванди Зайд Саидов метавонанд рӯзи душанбеи 16-уми сентябр дар мурофиаи додгоҳии ӯ иштирок кунанд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 12-уми сентябр пайвандони раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, бо ирсоли як нома аз додрас хоста буданд, ба онҳо иҷозаи иштирок дар мурофиаи додгоҳии Зайд Саидовро бидиҳад. Яке аз пайвандони оқои Саидов ба “Озодагон” гуфт, “дар аввал ваъда шуда буд, бояд рӯзи ҷумъа ба мурофиа роҳ меёфтем. Аммо ҳоло вакилони мудофеъ аз қавли додрас гуфтанд, ки рӯзи душанбе иштироки мо дар мурофиа имконпазир мешавад.”
Рӯзи 13-уми сентябри соли ҷорӣ баррасии парвандаи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ идома кард. Аммо маъмурони амниятӣ нагузоштанд, наздикони оқои Саидов вориди боздоштгоҳ шаванд.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, пас аз анҷоми рӯзи нахустини мурофиаи нафари таҳти ҳимояташ гуфта буд, дар ин мурофиа ташхиси ДНК-ро нишон додаанд, ки гӯиё дар яке аз ташхисгоҳҳои хусусии Русия гузаронда шуда, натиҷаи он мусбат баромадааст. Ба гуфтаи вакили мудофеъ, дар ин хулосаи ДНК омадааст, гӯиё Зайд Саидов эҳтимол падари кӯдаке мебошад, ки аз ҷониби духтари гӯиё таҷовузшуда ба дунё омадааст.
МУРОФИАИ ДОДГОҲИИ ЗАЙД САИДОВ
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Мақомот ӯро дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам медонанд. Иттиҳомоте, ки Зайд Саидов ҳамаи онро рад кардаву худро бегуноҳ мешуморад.