Тоҷикистон аз лӯлаи газ ба Чин 3 миллиард $ фоида мегирад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 12-уми сентябр дар шаҳри Бишкек ҳангоми мулоқот бо раисиҷумҳури Чин, Си Ҷинпин, хостори боз ҳам густариш ёфтани ҳамкориҳои ду кишвар шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аз қарори Ҳукумати Чин дар бораи кашидани лӯлаи гази Туркманистон-Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон изҳори қаноат кардааст. Ба иттилои манбаъ дар робита бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин як созишномаи байниҳукуматӣ доир ба кашидани лӯлаи интиқоли гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин аз тариқи қаламрави Тоҷикистон ба имзо расид.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, масофаи ин лӯла дар ҳудуди Тоҷикистон беш аз 400 километрро ташкил дода, то охири соли 2016 бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад ва дар назар аст, тариқи он ҳар сол 25-30 миллиард метри мукааб гази табиӣ аз Туркманистон ба Чин интиқол дода хоҳад шуд.
Хадамоти м атбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон меафзояд, ки татбиқи ин лоиҳа боиси ҷалби беш аз 3 миллиард доллари амрикоӣ сармояи мустақими Чин ба иқтисоди Тоҷикистон мегардад: “Ғайр аз ин, барои кашидани ин лӯлаи газ ва хизматрасонии ояндаи он корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин таъсис дода мешавад, ки дар он садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кор ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.”
Дар ҳамин ҳол ҷонибҳо ҷоннок намудани корҳо барои таҳия ва пешниҳоди барномаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар барои солҳои наздик зарур шумурдаанд. Инчунин ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷониба барои мусоидат ба эҳёи иқтисодиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон ва мубориза бо падидаҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир зоҳир гардидааст. Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид доштааст, “яке аз беҳтарин роҳҳои эҳёи амну субот дар Афғонистон афзун намудани ҳамкории иқтисодӣ бо ин кишвар ва ҷалби ҳарчи бештари он ба лоиҳаҳои минтақавӣ мебошад”. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки “мардуми Афғонистон бояд дар симои мо дӯстони самимӣ ва шарикони боэътимодро бубинанд”.
Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Си Ҷинпин даъват намудааст, ки барои таъмини густариши бештари робитаҳои ду кишвар ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Хадамоти мабуоти раисиҷумҳур мегӯяд, ин даъват аз ҷониби раисиҷумҳури Чин бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.