Ҳушдори муфтӣ ба вазири иқтисод
Мурод Телибеков, раиси Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон аз иқдоми ахири вазири иқтисоди кишвараш иброзӣ нигаронӣ карда, бо ирсоли як нома ба ӯ ҳушдор додааст.
Телибеков гуфтааст, иқдоми Ерболат Досаев, вазири иқтисод ва барномарезии буҷаи Қазоқистон барои боло бурдани андози мошинҳои шахсӣ ва амволи ғайриманқул қобили қабул нест.
Ба андешаи Телибеков, боло бурдани андози мошинҳои шахсӣ, ҳазорон мардуми деҳот, чупон ва соҳибкоронро ба савор шудани гову шутур маҷбур мекунад: “Ин тасмиме, ки вазорат гирифтааст, аз ақл берун буда, барои тахриби иқтисоди Қазоқистон равона шудааст.”
Раиси Иттиҳоди мусулмонони Қазоқистон дар номаи худ ба вазири иқтисоди кишвараш гуфтааст: “Писарам вақте туро ба курсии вазири шинониданд, ман аз он хушҳол шудам, ки раҳбарияти иқтисоди Қазоқистонро шахси ҳирфаӣ бар душ гирифт. Вале тасмими ахири ту нишон медиҳад, аз хидмат ба мардуми кишвари худ даст кашидаӣ. Ман ҳоло фурсати бо ту машғул шуданро надорам. Аммо бо омадани худ ба Остона гушҳои туро тоб хоҳам дод.”