"Рашк"-и духтари раисиҷумҳур ба Раҳима Ғаниева
Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Убакистон, намояндаи кишвараш дар конкурси “Зебосанами Ҷаҳон - 2013”-ро “духтаре бо симои тоҷикӣ” ном бурдааст.
Вақтҳои охир дар сархати расонаву нашрияҳои узбакӣ расму номи Раҳима Ғаниева, сокини 18-солаи шаҳри Тошканд қарор гирифтааст. Номи ӯ дар матбуоти Узбакистон дар ҳоле матраҳ шудааст, ки дар соли ҷорӣ нахустин намояндаи узбак дар тӯли таърих дар озмуни “Зебосанами ҷаҳон - 2013” муаррифӣ гардид.
Ба иттилои расонаҳои узбакӣ, Ғаниева бо навохтани пионино ва бозии теннис ошно буда, бо забони англисӣ низ ҳарф мезадааст. Инчунин ӯ дар шакли зоҳирӣ шабоҳате ба духтари раисиҷумҳури Узбакистон дорад.
Вале бархе аз сокинони шаҳри Тошканд гуфтаанд, онҳо намедонанд, Ғаниева кист ва аз куҷо мебошаду дар Индонезия барои чӣ ба сар мебарад.
Инчунин Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон, ба масъалаи Раҳима Ғаниева дахл карда, дар сафҳаи “Twitter”-и худ нисбат ба ӯ навиштааст, “симои тоҷикӣ”-е, ки “нокуҷо” баромадааст.