Натиҷаи ташхиси ДНК ба нафъи Зайд Саидов набудааст
Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, дар мурофиаи нахустини додгоҳияш тамоми иттиҳомоти мақомот дар баробари худро бофтаву сохта донист. Ин мурофиаи додгоҳӣ таҳти раҳбарии додраси Додгоҳи олӣ, Шавкат Абдулхайров рӯзи 12-уми сентябр дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ ва паси дарҳои баста сурат гирифт.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, баъд аз анҷоми мурофиа дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, рӯзи панҷшанбе асосан корҳои омодагӣ сурат гирифта, дар назар аст, баррасии асосӣ аз фардо, 13-уми сентябр, оғоз гардад. Қудратов афзуд, дар мурофиаи нахустини додгоҳӣ ташхиси ДНК-ро нишон додаанд, ки гӯиё дар яке аз ташхисгоҳҳои хусусии Русия гузаронда шуда, натиҷаи он мусбат баромадааст. Ба гуфтаи вакили мудофеъ, дар ин хулосаи ДНК омадааст, ки гӯиё Зайд Саидов эҳтимол падари кӯдаке мебошад, ки аз ҷониби духтари гӯиё таҷовузшуда ба дунё омадааст.
Ин вакили мудофеъ гузарондани ин ташхиси ДНК-ро ғайриқонунӣ дониста ва гуфт, “барои ташхиси ДНК бояд қарордод баста ва аз ҷониби Зайд Шерович имзо гардад.” Ба гуфтаи Қудратов, дар санади ташхиси ДНК, ки дар додгоҳ ироа шуд, аз куҷое имзои Зайд Шерович пайдо гардидааст: “Аз ин худи Зайд Шерович ҳам дар ҳайрат монд, чун ягон санадро барои ташхиси ДНК имзо накардааст. Ҳамаи мо аз ин ташхис бехабар будем.”
Қудратов дар баёни нахустин таассуроташ аз мурофиаи нахустини додгоҳии Зайд Саидов мунсифона баргузор шудани онро аз эҳтимол дур гуфт: “Мо далелҳои қатъии радкунандаи иддаои мақомоту ҷабрдидагонро дорем, аммо онҳо сарфи назар мешаванд. Дар ҳоле ки ваҷҳҳои ҷониби ҷабрдидагон бечунучаро қабул мегарданд.” Ӯ афзуд, дар мурофиаи имрӯза баробари Зайд инчунин Далер Бобоев низ ҳамчун ҷавобгар барои гирифтани ришва аз Сериқбол Окушев, соҳибкори қазоқ ҳузур доштанд. Аз ҷабрдидаҳо имрӯз 4 нафар дар мурофиа иштирок кардаанд ва дар назар аст, суолу ҷавоб бо онҳо аз фардо, 13-уми сентябр оғоз гардад.
Ин вакили мудофеъ гуфт, ба додгоҳ пешниҳод намудаанд, ки баррасии парвандаҳои Зайд, ба истиснои иттиҳоми таҷовуз ба номус ошкоро сурат гиранд: “Он ки дар ин парвандаҳо номи вазирон зикр шудаасту ба ҳамин далел парвандаҳо муҳри махфӣ гирифтаанд, асос шуда наметавонад. Мо ба судяҳо гуфтем, ки вазирӣ вазифаи ҷамъиятӣ аст ва он ки дар парванда эҳтимоли бозпурсии онҳо мавҷуд аст, барои махфӣ кардани парванда кофӣ нест ва ин ягон сирри давлатиро дар бар намегирад.” Қудратов илова намуд, эҳтимол фардо, ба мурофиаи Зайд ду нафар аз наздиконаш роҳ дода шаванд.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми майи соли ҷорӣ боздошт шуд. Мақомот ӯро дар порагирӣ, қаллобӣ, тамаъҷӯӣ, таҷовуз ба номус, бисёрзанӣ, алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ва водор намудан ба исқоти ҳамл муттаҳам медонанд. Иттиҳомоте, ки Зайд Саидов ҳамаи онро рад кардаву худро бегуноҳ мешуморад.