Ҳасани Руҳонӣ вориди Қирғизистон шуд
Ҳасани Руҳонӣ, райисҷумҳури тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон вориди Бишкек шудааст.
Бино ба иттилои расида, Руҳонӣ ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи XIII-уми Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Шӯрои кории Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки 13-уми сентябр ба кори худ оғоз мекунад, ба пойтахти Қирғизистон омадааст.
«Хело хурсандам, ки нахустин сафари хориҷии ман аз Бишкек оғоз шуд”,-гуфтааст Ҳасани Руҳонӣ.
Руҳонӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии 14-уми июни Эрон бо касби беш аз 50 дар сади райъи мардум барои чор соли оянда президент интихоб шуд.
Шӯрои кории СҲШ 14-уми июни соли 2006 ҷиҳати тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои узви ин созмон таъсис шуд. Ёдовар мешавем, Тоҷикистон, Чин, Русия Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбакистон аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳастанд.