Ҷоизаҳои 1 миллион $-ии Оқохон соҳибашонро ёфтанд (АКС)
Ҷоизаи Оқохон дар бахши меъмориро дар соли 2013-ум лоиҳаҳо аз Судон, Фаластин, Марокаш, Эрон ва Австрия соҳиб шуданд.
Ҷоизаро шахсан Оқохони 4-ум ҳамроҳ бо раисиҷумҳури Португалия, Анибал Каваку Силва, дар қасри Георгийи муқаддаси шаҳри Лисабон ба соҳибонаш супоридааст.
Дар қатори лоиҳаҳое, ки соҳиби ҷоизаи меъморӣ шудаанд, аз ҷумла ворид гардидаанд:
- Маркази касалиҳои дили Салом, Хартум, Судон
-Барқарорсозии Маркази таърихии Биртсайт дар Фаластин
-Лоиҳаи инфрасохтори шаҳрии Работ-Сейл, Марокаш
-Барқарорсозии бозори Табрез, Эрон
-Мазори мусалмонони Алтач, Австрия
Оқохони 4-ум дар маросими ҷоизасупорӣ аз ҷумла зикр кардааст, ки ҳадаф аз ҷоиза баробари арҷи дастовардҳои меъморӣ инчунин дар он аст, ки чӣ тавр меъмории исломӣ баробари ҳифзи арзишҳои фарҳангию анъанавии худ, ба талаботи ҷомеаи зудтағйирёбандаи муосир ҷавоб гӯяд.
Ҷоизаи Оқохон дар соҳаи меъморӣ соли 1977 таъсис ёфта, ҳар се сол тақдим мегардад. То ҳол ин ҷоизаро 110 лоиҳа соҳиб шудаанд. Маблағи ҷоиза 1 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.