Ҳукумат таваққуфгоҳҳои мошинҳоро ба иҷора медиҳад
Ҳукумати Душанбе барои иҷораи се таваққуфгоҳи мошин, дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви пойтахт озмун эълон кардааст.
Тавре аз шаҳрдорӣ иттилоъ доданд, аз ҷумла қароргоҳи автомашинаҳои назди “Бозори Саховат”, масоҳаташ 1957 метри муррабаъ, таваққуфгоҳи назди бозори «Панҷшер», масоҳаташ 2895 метри мурабаъ ва Қароргоҳи автомашинаҳои назди бозори «Ганҷина» масоҳаташ 2088 метри мураббаъ ба иҷора дода мешаванд.
Шаҳрдорӣ таъкид мекунад, ки пардохти кафолатнок барои иштирок дар озмун дар ҳаҷми 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян шудааст ва дар сурати ғолибият, иҷорагир ба суратҳисоби иҷорадиҳанда боҷи комиссионӣ 5% аз ҳаҷми иҷорапулии солона ва боҷи давлатӣ 0,1 фоиз аз ҳаҷми иҷорапулии солона пардохт менамояд.
Ба иттилои манбаъ озмун 20 сентябри соли 2013 дар бинои шаҳрдории Душанбе, соати 10-00 баргузор мегардад: “Дархостҳо барои иштирок то соати 9-00 рӯзи гузаронидани озмун қабул карда мешавад. Суроға: хиёбони Рӯдакӣ, 48 «А», утоқи № 315, телефонҳо: 227-96-39, 221-38-07.”