Пешниҳоди мақомоти Чин барои аз миён бардоштани виза
Чин дар иҷлоси сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай пешниҳод намуд, ки низоми раводид ё виза миёни кишварҳои узви ин созмон содатар шавад.
Тян Юйтсзюн, ки ҳайати чиниро дар ин иҷлос дар Бишкек раҳбарӣ мекард, гуфт, осонтар гардидани равобити тиҷориро бояд идома дод. Чун ба гуфтаи ӯ, “печида будани низоми раводид барои иртиботи соҳибкорон таъсири манфӣ мерасонад.”
Юйтсзюн пешниҳод намуд, барои боз ҳам озодтар шудани рафтуои соҳибкорон ва намояндагони доираҳои корӣ ба Вазоратҳои умури хориҷӣ бояд нома фиристода шавад. Ӯ инчунин дар мавриди ҷалби нерӯи корӣ аз хориҷ хостори сиёсати озодтар шудааст.
Ин дар ҳолест, ки аксари шаҳрвандони Қирғизистон аз ингуна ибтикориҳои Чин дар ҳарос буда, борҳо бар зидди он даст ба гирдиҳамоӣ задаанд. Онҳо мегӯянд, ингуна иқдом ба афзоиши муҳоҷирати чиниҳо ба ин кишвар ва ишғол шудани ватани кучакашон аз сӯи ҳамсоякишвари бузурги худ суръат мебахшад.
Маврид ба зикр аст, ки аз 12 то 13-уми сентябри соли ҷорӣ иҷлоси навбатии сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай баргузор мегардад.