“Вахш” дар меҳмонӣ “Эсхата”-ро шикаст дод
Дастаи футболи “Эсхата”-и Хуҷанд, ки дар бозиҳои даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 аз миёни шаш дастаи Лигаи аввал ба даври чорякниҳоӣ баромада буд, дар бозии аввали ин давр аз тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд.
Ин бозӣ рӯзи 10-уми сентябр дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дар дақиқаи 6-уми дидор Иброҳим Раҳматов, бозигари дастаи мизбонон тӯбро аз ҷаримаи 11-метра (пеналтӣ) ба ҳадаф расонд ва ҳисоб 1:0 шуд. Дар дақиқаи 25-уми бозӣ Наврӯз Рустамов, ҳамлагари меҳмонон тӯбро ба дарвозаи ҳарифонашон ворид намуда, ҳисобро баробар, 1:1, кард. Голи дуюми меҳмононро ҳамлагари даста Абдухалил Боронов дар дақиқаи 41-ум ба ҳадаф расонид 1:2.
Диловаршоҳ Орзуев, сардовари бозӣ дар дақиқаи 80-уми дидор ба Наврӯз Рустамов, бозигари дастаи “Вахш”, ки ба яке аз бозигарони дастаи мизбон бо оринҷаш зарба зад, корти сурх нишон дода, ӯро аз майдон берун кард. Бо вуҷуди он, ки бозигарони дастаи “Вахш” 10 дақиқаи охири бозӣ аз ҳарифонашон як нафар кам бозӣ карданд, аммо ба мизбонон имкони голзанӣ надоданд.
Бозии ҷавобии дастаҳои “Вахш” ва “Эсхата” рӯзи 17-уми сентябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор мешавад.
Се бозии дигари даври 1/4 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи чоршанбе, 11-уми сентябр, баргузор мегардад. Дастаи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар майдони худ бо тими “Энергетик”-и Душанбе ба сабқат мебарояд. Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд). Ёваронаш: Дилшод Назипов (Ҳисор), Умед Раҳимов (Қӯрғонтеппа). Довари эҳтиётӣ: Насим Ҳамидов (Душанбе).
Дастаи “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров дар майдони худаш бо тими “Равшан”-и Кӯлоб рақобат мекунад. Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак). Ёваронаш: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор), Ҳасан Каримов (Норак). Довари эҳтиётӣ: Мурод Қурбонов (Хуҷанд).
Тими “Истиқлол”-и Душанбе дар меҳмонӣ бо дастаи “Истаравшан”-и Истаравшан қувва меозмояд. Сардовар: Сафармаҳмад Шоймардонов. Ёваронаш: Исматулло Муъминов, Ҳамза Шоймардонов (ҳама аз Хуросон). Довари эҳтиётӣ: Носирҷон Мансуров (Бобоҷон Ғафуров).
1/4 финал. Бозиҳои ҷавобӣ
17-уми сентябр (сешанбе)
“Вахш” - “Эсхата”
18-уми сентябр (чоршанбе)
“Энергетик” - “Регар-ТадАЗ”
“Равшан” - “Парвоз”
“Истиқлол” - “Истаравшан”