Шабдолов: “Ба тарафдории ҳузури низомиёни рус овоз медиҳем”
Бархе аз вакилони парлумони Тоҷикистон мегӯянд, баробари шурӯи кор дар оғози моҳи октябр созишнома дар бораи тамдиди ҳузури низомиёни пойгоҳи 201-ро тасвиб хоҳанд кард.
Шодӣ Шабдолов, узви Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, тасвиби ҳарчи зуди ин созишномаро на танҳо ба фоидаи Душанбе, балки барои кулли кишварҳои минтақа донист. Ӯ гуфт, “ҳузури ин пойгоҳ барои мо зарур аст. Тоҷикистон узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ё СНГ мебошад. Модоме ки ин артиш барои манфиатҳои муштарак аст, пас, ҳузури низомиёни Русия дар Тоҷикистон ҳеч таъсири манфие нахоҳад дошт.”
Ин вакили парлумони Тоҷикистон ба бовар дорад, ки “русҳо аз қабл ҳузур доштанд ва набояд минтақа майдони тохту този дигарон гардад. Аз ин хотир, ба ин боварам, ки вакилони тоҷик ба тарафдории ин созишнома овоз хоҳанд дод.”
Ин дар ҳолест, ки рӯзи даҳуми сентябр Георгий Карасин, муовини вазири умури хориҷии Русия, дар сӯҳбат бо нашрияи “Коммерсант” гуфтааст, Маскав умедвор аст, вакилони парлумони Тоҷикистон ба зудӣ тарҳи созишномаи тамдиди ҳузури низомиёни пойгоҳи 201-ро тасвиб хоҳанд кард. Ӯ гуфта, ки то кунун ҷониби Русия уҳдадориҳояш дар марвиди ин созишномаро ба анҷом расонда, мунтазири посухи Душанбе нишастааст.
Созишнома дар бораи будубоши 30-солаи пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта аз ҷониби президентҳои Тоҷикистону Русия, Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин имзо гардида буд. Ахиран Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, изҳор дошт, ки созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи 201 аз дигар тавофуқоти Раҳмону Путин дар бахшҳои муҳоҷирату энергетика ҷудо нест ва дар назар аст, ин созишномаҳо ҳамзамон тасвиб гарданд.