Қирғизҳо қотилони як хонавода дар Бодкандро пайдо карданд
Мақомоти пулиси Қирғизистон ду ҷавони 21 ва 20-соларо боздошт кардаанд, ки дар қатли 4 узви як хонаводаи ин кишвар муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои расонаи хабарии қирғизии “24kg.org”, ин ду ҷавон шоми 5 ба 6-уми сентябри соли ҷорӣ бо мақсади роҳзанӣ вориди мағозаи Тоҷибой Эралиев, сокини деҳаи Қара-Булаки вилояти Бодканди Қирғизистон шуда, 4 узви хонаводаи Эралиевро ба қатл мерасонанд.
Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, ҳангоми боздошт аз гумонбарҳо ду силоҳи оташфишони навъи “Тоз-8” ва 50 адад телефони ҳамроҳ, ки аз мағозаи Эралиевҳо гум шудааст, пайдо кардаанд. Ба иттилои манбаъ, аз сандуқи мағозаи мазкур низ маблағ дар ҳаҷми калон дӯздида шудааст, ки миқдори дақиқи он ба зудӣ муайян хоҳад шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран ВКД-и Қирғизистон аз захмӣ шудани Тоҷибой Эралиев ва қатли ҳамсар, як писару келин ва набераи 11-солаи ӯ дар пайи як шабохуни мусаллаҳона ба мағозаи ин хонавода хабар дода буд.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон ҳанӯз қотилони хонаводаҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва ҷамотаи Чоркуҳи Исфрара ошкор нашудаанд. Аввоили моҳи июни соли ҷорӣ шахсони номаълум бо мақсади роҳзанӣ ба манзили Аҳмадхӯҷа Бобоев, сокини шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, даромада, ӯву ҳамсараш ва се фарзанди кӯчакашонро ба қатл расонда буданд.
Инчунин шоми 19 ба 20-уми август, дар ҷамоати Чоркуҳи ноҳияи Исфара болои як хонаводаи тоҷик шабохуни мусаллаҳона сурат гирифта буд.
Дар натиҷаи он 4 узви ин хонавода, Бобо Ҳаллоқови 61-сола, ҳамсари ӯ, духтараш, ки ба меҳмонӣ омадааст ва наберааш ба ҳалокат расида буданд. Тибқи иттилои мақомоти пулиси тоҷик, набераи 12-солаи соҳибхона дар шуъбаи эҳёгарии беморхона ҷон бохтааст.