Қирғизистон: Дар мавриди вазъи Сурия набояд бетараф бошем
Бархе аз вакилони парлумони Қирғизистон аз ҳукумати ин кишвар хостанд, дар мавриди вазъи феълии Сурия худро бетараф нагирад.
Талант Узакбаев, намояндаи мардумии қирғиз аз ҳизби “Ору номус” зимни як ҷаласа аз парлумони Қирғизистон талаб кард, ки вазъияти ахири Димишқро ба баррасӣ гирад.
Ӯ гуфт, чанде қабл парлумони Русия ба ин қазия таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, масъалаи истифода шудани силоҳи кимиёвиро дар Сурия баррасӣ дорад.
Узакбаев таъкид дошт, ки парлумони Қирғизистон низ бояд дар ин маврид худро канор нагирад: “Мо бояд ин масъаларо дар иҷлоси сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай матраҳ кунем. Ин мавзуъ ҳатман онҷо баррасӣ мешавад.”