Паёми Шералӣ Хайруллоев ба вазири нави дифои Эрон
Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон бо ирсоли як паёми шодбошӣ генерал Ҳусейн Деҳқониро барои таъинаш ба мансаби вазири дифои Эрон табрик гуфтааст.
Тавре хабаргузории “Форс” иттилоъ медиҳад, Хайрулоев дар номааш аз ҷумла хоҳони он шудааст, ки дар аҳди генерал Ҳусейн ҳамкориҳои Тоҷикистон Эрон густурдатар гарданд, то амнияти бардавом дар минтақа таъмин бошад.
Ин дар ҳолест, ки Хайруллоев дар гузашта низ аз артиши Эрон ситоиш карда ва Эронро аз қудратмандтарин пуштибонҳои Тоҷикистон номида буд. Моҳи сентябри соли 2011, ҳангоми таҷлил аз бистумин солгарди истиқлоли Тоҷикистон, Шералӣ Хайруллоев гуфта буд, ки агар лозим ояд, артиши Эрон метавонад дар тӯли ду соат ба кумаки тоҷикон расад.