Сӯҳроб Шарифов дар бораи зиддиятҳои дохилиҳизбӣ ва номзадии Бобоназарова
Сӯҳроб Шарифов, узви Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, интихоб шудани Ойниҳол Бобоназарова ба ҳайси номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аз ноомодагии бархе аз аҳзоби сиёсии кишвар ва зиддиятҳои дохилиҳизбии онҳо дарак медиҳад.
Ба бовари Шарифов, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, як узви фаъоли Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ҳоло омода нест, ки бо номзади худ вориди корзори интихоботи президентӣ шавад. Ӯ гуфт, шояд зиддиятҳои дохилиҳизбӣ имкон намедиҳад, ки ҲНИТ номзади худро пешниҳод кунад: “Аз ин рӯ, онҳо номзади берун аз ҳизбиро ҷонибдорӣ намуданд.”
Ба андешаи ин вакили парлумони Тоҷикистон, ингуна мавқеъгириҳо ва сиёсати бегонапарастӣ метавонад ба имиҷу нуфузи як ҳизби сиёсӣ таъсири манфӣ расонад. Дар мавриди то куҷо муваффақ будан ё шудани номзади ИНИТ дар интихоботи президентӣ, Шарифов ба вақт ишора менамояд: “Ойниҳол Бобоназарова муаллима, номзади илм ва дар гуруҳи олимони ҳуқуқшинос шинохта мебошад. Аммо ин хислатҳо кифоя мекунанд, ки ӯ дар мубориза барои ба дастовардани курсии раҳбарӣ муваффақ бошад, 6-уми ноябр муайян мешавад.”
Маврид ба зикр аст, ки Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва фаъоли сиёсии тоҷик рӯзи 10-уми сентябр дар пайи ҷаласаи навбатии ИНИТ номзади ягонаи ин иттиҳод дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ эълон гардид. Бобоназароваи 65-сола аввалин зани тоҷик аст, ки барои курсии президентӣ вориди корзор мешавад. Вай ҳоло раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” буда, дар гузашта раҳбари Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро бар уҳда дошт.