“Ҷек” дар Ишкошим паноҳгоҳи нашъаҷаллобон ёфтааст
“Ҷек”, як саги хизматӣ-кофтуковии Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон паноҳгоҳи қочоқчиёни мухаддиротро ошкор кардааст.
Тавре аз Оҷонсии мубориза бо мухаддирот хабар доданд, бо мусоидати «Ҷек» дар гузаргоҳҳои тахминии қочоқчиён дар ноҳияи Ишкошими ВМКБ санҷиш гузаронида шуда, дар ҳудуди деҳаи «Шанбедеҳ», наздикии дарёи Панҷ як пинҳонгоҳро ошкор намуданд, ки аз дохили он халтаи полиэтиленӣ ва пакети селлофанӣ бо маводи нашъадор ёфт ва мусодира шуд.
Ба иттилои манбаъ дар робита чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, шаҳрванд, Юсуфалиев Анвар Қурбоналиевич, соли таваллудаш 1976, зодаи деҳаи Боғистони ноҳияи Шаҳринав, ки барои содир намудани ҷиноятҳои мухаддиротӣ дар кофтукови байнидавлатӣ қарор дошт, дастгир шуд. Дар маҷмӯъ Оҷонсии мубориза бо мухаддирот мегӯяд, барои содир намудани ҷиноятҳои марбут ба нашъа дар як ҳафтаи охир 3 нафар дастгир шудаанд.