“Нимкосаҳо”-и амалиёти Хоруғ дар гузориши садсаҳифагӣ
Ҳафт созмони ҳомии ҳуқуқи инсон дар пажӯҳиши садсаҳифагӣ мақомоти Тоҷикистонро барои нақзи ҳуқуқи сокинони Хоруғ дар амалиёти махсуси тобистони соли 2012 муттаҳам донистаанд. Онҳо дар хулосаи ин пажӯҳиш навиштаанд, бояд гунаҳкорони марги сокинони осоишта ба ҷавобгарӣ кашида шуда, ба сокинони Хоруғ, махсусан занону кӯдакон аз ҷиҳати равонӣ кумак расонда шавад.
Нигина Баҳриева -- раҳбари созмони “Нотабане” рӯзи даҳуми сентябр, ҳангоми муаррифии ин пажӯҳиш дар Душанбе, гуфт, гузашта аз ин нерӯҳои давлатӣ амалиёти махсуси соли гузашта дар маркази Бадахшонро бе огоҳии сокинон оғоз кардаанд. Ба қавли ӯ, дар ҷараёни ин амалиёт, сокинон аз хадамоти телефону интернет ҳам маҳрум буда, аксарият дар ҳоли тарсу ваҳм ва бехабарӣ ба сар мебурданд.
“Сокинон дар бораи амалиёти махсуси нерӯҳои давлатӣ танҳо дар нисфирӯзи 24-уми июли 2012 аз тарафи раҳбарони маҳалла ва дигар манобеи ғайрирасмӣ иттилоъ ёфтаанд. Натиҷаи мониторинги мо нишон дод, ки аксари пурсидашудагон дар бораи музокироти нерӯҳои давлатӣ ва гуруҳҳои мусаллаҳи маҳаллӣ дарак иттилои комил надоштанд. Аз сабаби он ки алоқаи мобилӣ набуд, аксари иттилоъ бар пояи овозаҳо асос ёфта буданд”,-таъкид шудааст дар пажӯҳиш. Бар пояи ин таҳқиқот, гуфта мешавад, ҳатто масъулони ҳукумати Бадахшон дар бораи баргузории ин амалиёти махсуси нерӯҳои давлатӣ хабаре надоштаанд.
Амалиёти махсуси нерӯҳои давлатӣ дар маркази Бадахшон субҳи 24-уми июли 2012, дуруст баъд аз се рӯзи қатли генерал Абдулло Назаров, раҳбари Идораи амнияти Бадахшон, шурӯъ гардид. Мақомот дар қатли Назаров бархе аз раҳбарони ғайрирасмии Хоруғро муттаҳам дониста, ҳадафи ин амалиётро боздошти онҳо унвон карданд. Аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсони Тоҷикистон мегӯянд, мақомот то ҳоло далели рӯшани амалиёти соли гузашта дар Хоруғро баён надоштаанд.
Ба қавли созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, дар ҷараёни амалиёти соли гузаштаи Хоруғ 22 нафар ҳалок шудаанд, ки пажӯҳишгарон бо хонаводаи 15 нафари онҳо дидору гуфтугӯ кардаанд. Бархе аз онҳо гуфтаанд, дар бораи чигуна кушта шудани наздиконашон чизе намедонанд. Бархе ҳам гуфтаанд, наздиконашон ё дар даромадгоҳи хонаашон аз тири снайпер ва ё аз сактаи қалбӣ фавтидаанд. Бо ин ҳол, пажӯҳишгарон чигунагии ҳалокати баъзе аз қурбониён, аз ҷумла Сабзалӣ Мамадризоев, раҳбари ҲНИТ дар Бадахшонро баён кардаанд.
Дар пажӯҳиши созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон инчунин дар бораи расонидани ёрии тиббӣ, супоридани силоҳҳо, боздошт ва зиндонӣ шудани бархе аз сокинони Хоруғ маълумот дода шудааст.
Феҳристи қурбониёни амалиёти соли гузашта дар Хоруғ:
1. Cабзалӣ Мамадризоев -- раҳбари вилоятии ҲНИТ, соли таваллуд 1981, микрорайони УПД;
2. Рустам Искандархонов, соли таваллуд 1980, микрорайони УПД;
3. Султонназар Имомназаров, соли таваллуд 1968, микрорайони УПД;
4. Зокир Ширинбеков, соли таваллуд 1987, микрорайони УПД;
5. Алишер Абдулназаров, соли таваллуд 1982, микрорайони УПД;
6. Собир Мамадов, соли таваллуд 1978, микрорайони УПД;
7. Сафарбек Султонназаров, соли таваллуд 1959, микрорайони УПД;
8. Ҷалолиддин Низомиддинов, соли таваллуд 1972, микрорайони УПД;
9. Зоҳирбек Зоҳиробеков, соли таваллуд 1959, микрорайони УПД;
10. Тошбек Бахтулҷамолов, соли таваллуд 1948, микрорайони УПД;
11. Мамадасан Мулкамонов, соли таваллуд 1967, микрорайони УПД;
12. Бахтибек Карамхудоев, соли таваллуд 1946;
13. Раис Раисов, соли таваллуд 1985, микрорайони Бархоруғ;
14. Ёрмамад Мамадиброимов, соли таваллуд 1964, микрорайони Бархоруғ;
15. Сураҷ Гаёсиев, соли таваллуд 1974, микрорайони Ниводак;
16. Эраҷ Саъдоншоев, соли таваллуд 1971, микрорайони Ҳичордеф;
17. Абдулнабӣ Пӯлодов, соли таваллуд 1996, микрорайони Бизмич;
18. Фарид Бахтоваршоев, соли таваллуд 1992, микрорайони Бизмич;
19. Рашид Шодмонбеков, соли таваллуд 1987;
20. Воҳид Шодмонбеков, соли таваллуд 1991;
21. Имомназар Имомназаров;
22. Писарҷон Мирзоҳасанов, соли таваллуд 1985, сокини Мурғоб.