Туркманон аз русу узбакҳо дида хушбахттаранд
Туркманистон дар қатори кишварҳои хушбахттарини дунё мақоми 59-умро касб кард.
Дар ин бора гузориши солонаи World Happiness Report 2013, ки бо дархости Созмони Милали Муттаҳид омода шудааст, хабар медиҳад.
Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, ҳисоботеро оид ба радабандаии кишварҳои хушбахттарини дунё нашр кард, ки дар асоси баҳои мутахассисони варзидаи соҳаи иқтисод, равоншиносӣ ва омор ба 156 кишвари дунё гирифта шудааст.
Он аз рӯи натиҷаи воқеии маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба сари ҳар як аҳолӣ, зиндагии солим, имконияти эътимод ба шахсиятҳои гирду атроф, сатҳи зеҳнии озодӣ дар тасмимгириҳои зиндагӣ, муҳофизат аз фасод ва саховатмандӣ дар онҳо тартиб ёфтааст.
Тибқи ин гузориш, аз миёни кишварҳои пасошӯравӣ бештар мардуми қазоқ хушбахт будаанд. Дар ин радабандӣ Қазоқистон дар мақоми 57, Туркманистон-59, Узбакистон-60 ва Русия дар раддаи 66-ум ҷой дода шудааст. Хушбахттарин кишвари дунё Дания муаррифӣ шуда, Норвегия ва Швейтсария ба тартиб дар мақоми дуюму сеюм ҷой дода шудаанд.