Шабакаи телевизионии исломии Русия ба кори худ оғоз кард
Торнамои Раёсати муфтиёти мусалмонони қисмати аврупоии Русия аз ифтитоҳи шабакаи 24 соатаи “Ал-РТВ” хабар додааст.
Ин шабака тариқи интернет пахш шуда, бо нишонии www.al-rtv.ru дастрас хоҳад буд. Барномаҳои он бештар аз ҳаёти мусалмонҳо нақл мекунад. Ба гуфтаи раҳбарияти “Ал-РТВ” ҳадафи шабака ошноии тамошобинон бо арзишҳои руҳӣ ва равонии Ислом аст, ки дар Қуръони Карим омадааст.
Журналист Рустам Орифҷонов, сардабир ва яке аз муассисони шабакаи "Ал-РТВ" мебошад. Қаблан гуфта мешуд, шабака 19-уми августи соли 2012 фаъол мешавад, аммо бо далели ба тавофуқ нарасидан бо операторони шабакаҳои моҳвораӣ ва ноқилӣ пахши барномаҳои он ба вақти дигар гузошта шуд.