Данғара: Боздошти як мусофири нашъаҷаллоб
Дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон қочоқчии маводи мухаддир бо 68 қутии гӯгирд ба даст афтод.
Тавре ба хабаргузории « Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, ҳангоми гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2011» дар дидбонгоҳи доимамалкунандаи Себистон, автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21012» рақами давлатиаш АТ 2465 01 РТ мавриди тафтиш қарор гирифт. Аснои азназаргузаронии нақлиёт аз дохили борхалтаи мусофири мошини мазкур Бунёдҷон Шарипов , сокини ноҳияи А. Ҷомӣ, 68-қуттии гӯгирд, ки дар дохилашон- 450 грамм маводи нашъадори «бангдона» дошт, дарёфт ва мусодира карда шуд. Айни замон дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}