Вокунишҳо ба номзадии Ойниҳол Бобоназарова дар Фейсбук
Таъйин шудани Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва фаъоли сиёсӣ ба ҳайси номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” вокунишҳои зиёдеро ба миён овардааст.
Ҳатто бархе аз онҳо аз ин ҳуқуқдони тоҷик, ки имрӯз дар нишасти навбатии ИНИТ расман номзади ягонаи ин иттиҳод эълон гардид, хостаанд, то ин пешниҳодро қабул накунад.
Сайидюнуси Истаравшанӣ, яке аз фаъолонии шабакаи иҷтимоии Фейсбук, рӯзноманигори тоҷик, бо пахши як изҳорот тасмими ИНИТ-ро дар мавриди пешниҳоди хонум Бобоназарова ба унвони номзади ягонаи мухолифон, иштибоҳ ва нодуруст хондааст.
Ӯ мегӯяд, “"пирӯз"-и ин интихобот мушаххас аст, ки чӣ касе хоҳад буд ва инро ҳама медонанд, қарор нест якдигарро гӯл занем, балки муҳим он аст, ки оё номзади мавриди назар, аз қудрат ва тавоноӣ ва шуҷоати лозим барои дифоъ аз раъйҳое, ки барои ӯ медиҳанд, дар замони пас аз интихобот, баромада метавонад ё на? Яъне вақте ки ба ӯ 2 дарсад ё 3 дарсад ё ҳатто 10 дарсад аз ороро "мебахшанд", оё метавонад ин таҳқир ва иҳонатро ба чолиш бикашад? Ё мисли пештара, кулӯх бар лаб ниҳода, тамошобини саҳнаи иҳонат ва таҳқир хоҳем буд?”
Ба андешаи Истаравшанӣ беҳтарин номзад ба мақоми президентӣ дар интихоботи қарибулвуқуъ Раҳматилло Зоиров мебошад: “Шахсияти арзанда Раҳматуллоҳ Зойиров ба унвони номзади ягона пешниҳод мешуд. Ҳамагӣ медонем, ки ин мард аз шуҷоати кофӣ барои ин кор бархӯрдор аст.”
Аз сӯи дигар Амруллоҳи Низом, хабарнигори тоҷик, бар инаст, ки тасмими ИНИТ комилан санҷида ва ҳадафмандона мебошад. Ӯ мегӯяд, ИНИТ бо интихоби Бобоназарова ба ҳукумати феълӣ, ки ба гуфтаи ӯ барномаҳои мухталиферо алайҳи онҳо роҳандозӣ кардааст, посухи дандоншикан дод.
Вале яке аз корбарони фейсбук бо номи "Исмоили Сомонӣ" мегӯяд, ҳар чанд Ойниҳол Бобоназароваро як ҳуқуқшиноси варзида ва муваффақ мешиносад, вале бовар надорад, ки ӯ аз уҳдаи раҳбарии Тоҷикистон дар замони феълӣ барояд.
Ба андешаи “Исмоили Сомонӣ” ҳоло барои Тоҷикистон як раҳбари марде лозим аст, тавонад онро аз вартаи нобудшавӣ раҳо созад: “Ин давраи сангин, бозсозии тамоми корхонаҳои давлатӣ, барқарор кардани волоияти қонун, мубориза бо фасод ва ҷурму ҷиноятҳои иқтисодӣ як неруи мардона талаб мекунад. Як зан тавони бардошти ин ҳамаро надорад ва ҳам мухолифи фарҳанги мост, ки ин ҳамаро бар дӯши як зан ё худ модар бор кунем.”
Ин корбари шабакаи иҷтимоӣ гуфтааст, бояд хишти нахустини бинои адолат ва демократиро дар Тоҷикистон мард гузорад, зеро онро фарҳанги мардуми тоҷик талаб дорад.