Тасдиқи номзадии Бобоназарова ва талоши ӯ барои озодиҳои динӣ
Ойниҳол Бобоназарова, номзади Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), эълон кард, ки тамоми талошашро барои демократия, ҳуқуқи инсон ва озодиҳои динӣ дар кишвар харҷ мекунад. Номзадии Бобоназарова рӯзи даҳуми сентябр дар ҷаласаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ тасдиқ ва эълон шуд.
Ойниҳол Бобоназарова дар ин ҷаласаи ИНИТ гуфт, бисёр мехост дигарон ба ҷои ӯ номзад шудаву дар интихобот мубориза баранд. Аммо ба қавли ӯ, “Муҳиддин Кабирӣ гуфт, барои ман мушкил аст. Медонам, мегӯянд, магар мард пайдо нашуд, ки занро пешниҳод мекунед. Вале то ин вақт аз мо интиқод мекарданд, ки чаро занон ғайрат надоранд.”
Хонум Бобоназарова дар идомаи суханронияш ба ҳифзи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ҳам даъват кард. Ӯ гуфт, “агар мо Эътилофро аз даст бидиҳем, дигар ягон вақт нерӯҳо бо ҳам як намешаванд.”
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки тақрибан се моҳ пештар барои интихоботи президентӣ ташкил ёфт, рӯзи даҳуми сентябр расман номзадии Ойниҳол Бобоназароваро эълон кард. Ба ин Иттиҳод Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва бархе аз шахсиятҳои маъруф ва созмонҳои иҷтимоӣ шомиланд.
Ойниҳол Бобоназарова дар ҳоли ҳозир раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” буда, дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад. Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.