Назриев аз номзадии Бобоназарова пуштибонӣ накард
Мирҳусайн Назриев, раҳбари як ҷиноҳи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ва узви Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ аз пешбарии Ойниҳол Бобоназарова ба ҳайси номзади ягонаи ислоҳотхоҳон дар интихоботи президентӣ ҳимоят накард.
Назриев дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар пешбарии номзадии Бобоназарова фикри на ҳамаи ислоҳотхоҳон ба назар гирифта шудааст ва ин як созиши наҳзатиёну сотсиал-демократҳои Тоҷикистон аст. Назриев дар шарҳи мухолифаташ ба номзадии Бобоназарова афзуд, то ҳол барномаи пешазинтихоботии ӯро надидааст. Ӯ гуфт, барои пешниҳоди номзади ягона аз ИНИТ бояд чанд нафар барномаҳои худро пешниҳод мекарданд ва ислоҳотхоҳон аз миёнашон мувофиқашро интихоб менамуданд.
Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдони саршинос ва фаъоли сиёсӣ, номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар интихоботи моҳи ноябри соли ҷорӣ эълон шудааст. Ин тасмимро гурӯҳи кории ИНИТ рӯзи нуҳуми сентябр дар ҷаласаи охирини худ гирифтаанд. Манбаи мо аз ИНИТ мегӯяд, аз миёни ҳашт довталаб барои номзадии ягона, ки Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Раҳматилло Зоиров ва Маҳмудҷон Қосимов аз ҷумлаи онҳо буданд, аксарият ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова раъй додаанд. Хонум Бобоназарова дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо “Озодагон” гуфт, танҳо баъд аз эълони номзадияш аз сӯи масъулони Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ имкони сӯҳбатро дорад ва метавонад ба ҳама саволҳо посух гӯяд.
Ойниҳол Бобоназарова дар ҳоли ҳозир раҳбари созмони иҷтимоии “Перспектива+” буда, дар гузашта раҳбарии Бунёди Сорос дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт. Ӯ соли 1971 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, дар оғози солҳои навадум ба Ҳизби демократ мепайвандад.
Аз соли 1996 то 2004 ба ҳайси мушовири намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ОБСЕ) дар Тоҷикистон низ кор кардааст.