Садамаи нақлиётӣ нагузошт, Сарвинози 21-сола арӯсӣ кунад
Сарвиноз Нороваи 21-сола, сокини ноҳияи Зафаробод, ки рӯзи 9-уми сентябри соли ҷорӣ бояд арӯсӣ мекард, дар як садамаи нақлиётӣ ҷон бохтааст. Наздиконаш мегӯянд, Сарвиноз ният дошт, ба ороишхона рафта, худро барои шоми арӯсӣ омода кунад, аммо дар роҳ ба садама дучор шудаву ҳама орзуҳояшро ба хок бурд.
Ҳамроҳи Сарвиноз дугонааш Ирода ва ронандаи мошин ҳам ҳалок шудаанд. Яке аз наздикони Сарвиноз ба “Озодагон” гуфт, мошинаи “Опел” ба канали обрав афтида ва гумон меравад, дар натиҷаи саривақт аз дохили об берун наовардан, ҷон бохтаанд.
Имрӯз, даҳуми сентябр, ҷасади Сарвиноз ва дугонаву ронандаи “Опел” дар шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод ба хок супорида мешавад.