Як сокини Хуҷанд даъво дорад, дар тарбузи харидааш Аллоҳ навишта шудааст (АКС)
Зарбахт Машокиров, як сокини шаҳри Хуҷанд, даъво дорад, ки дар тарбузи харидаи ӯ исми Аллоҳ ба ҳуруфи арабӣ сабт ёфтааст. Оқои Машокиров дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, ин даъвои ӯро як донандаи забони арабӣ ҳам тасдиқ кардааст.
“Чанд рӯз пеш аз як шахси нуронӣ тарбуз харидам. Тарбуз хеле болаззат буд. Вақте аз кор бармегаштам, ҳамсарам ба ман занг зада гуфт, ки тарбуз оред. Ман боз ба назди он тарбузфурӯши нуронӣ рафтам. Савдо кардему ду тарбуз гирифтам. Ба хона омада, якеро пора кардам, ки на он қадар сурх баромад ва гуфтам, чизе бошад мехӯрам. Аммо дар ҳамин вақт модарарӯсам гуфт, дар қисми дигар навиштаҷоте ҳаст, ки монанд ба исми Аллоҳ аст”,-нақл мекунад ин сокини Хуҷанд.
Ӯ афзуд, баъдан ба назди як донандаи хуби забони арабӣ рафта, тарбузро ба ӯ нишон додааст: “Он одами арабидон ҳам гуфт, дар тарбузи мо номи Аллоҳ навишта шудааст”. Зарбахт Машокиров мегӯяд, пас аз он ба назди тарбузфурӯш рафта, ин ҳодисаро нақл кардааст. Тоҷир гуфтааст, тарбузҳоро аз як шахси бисёр ботақво, ки дар ноҳияи Мастчоҳ зиндагӣ мекунад, харидорӣ карда буд.
Хабарнигори “Озодагон” аз ин тарбуз чанд аксе бардоштааст, ки дар ихтиёри Шумо мегузорем ва агар назару гуфтание доред, дар пайи ин матн бинависед.