Гирдиҳамоии ҳашт президент дар иҷлоси Шанхай
Дар иҷлоси навбатии сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай 8 раисиҷумҳур ва ҳудуди 10 ҳайат аз кишварҳои узв гирдиҳам меоянд.
Аскар Бешимов, муовини вазири умури хориҷии Қирғизистон, мегӯяд, ин иҷлос рӯзи 12-13-уми сентябр дар Бишкек баргузор шуда, қарор аст, дар он раисиҷумҳури Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбакистон, Муғулистон, Афғонистон ва Эрон ширкат кунанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳайати бархе аз кишварҳо, бахусус Ҳиндустон ва Покистон низ ташриф хоҳанд овард. Бешимов мегӯяд, дар иҷлоси сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳар як раисиҷумҳурро зиёда аз 10 мақоми баландпояи он кишвар ҳамроҳӣ карда, интизор меравад, дар поёни иҷлос гуфтугӯ ва мулоқоти дуҷониба миёни кишварҳои мазкур сурат гирад.
Инчунин, дар иҷлоси мазкур ду муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ, “ЕврАзЭС” ва Шанхай иштирок хоҳанд кард.