Гурӯҳи «Парем»-и Тоҷикистон Маскавро тасхир кард
Гурӯҳи «Парем» якшанбеи гузашта меҳмони яке аз бонуфузтарин ва гаронтарин майдонҳои асосии консертии пойтахти Русия мавсум ба «Б2» буд.
«Б2» бузургтарин клуби Маскав ва яке аз азимтарин маҷмааҳо дар Аврупо буда, бо таҷҳизоти муосиртарини овозиву равшанидиҳанда муҷҷаҳаз аст.
Олим Ширинов, раҳбари гурӯҳи «Парем» ба хабаргузории «Озодагон гуфт: «Ин шом барои ҳар аъзои гурӯҳи мо хотирмон ва фаромӯшнашаванда хоҳад монд. Толори консертӣ, фазо, таҷҳизоти овозӣ ва дастгоҳҳои равшанидиҳанда дар сатҳи олӣ буд. Вақте вокуниши тамошочиёнро ба оҳангу мусиқиямон мушоҳида намудем, бо рӯҳияи баландтаре барномаи консертиро оғоз кардем ва давоми дуюним соат беист маҳфил оростем. Агар гӯям, ки давоми панҷ соли гузашта дар барномаҳои консертии мо ин беҳтарин лаҳза буд, иштибоҳ намешавад».
Дар ин барномаи консертӣ гурӯҳи «Парем» дар баробари сурудҳои ҷадид, ҳамчунин таронаҳои маъруфи «Медонӣ ё не», «Ай чаро ишқ», «Омадаст», «The Beatles», «Smokie», James Brown ва дигарҳоро иҷро кардааст.
Барномаи консертии гурӯҳи «Парем» дар клуби «Б2» дар доираи барномаи сафари ҳунарии гурӯҳ бо номи «Оҳанги ҷавонӣ» сурат гирифт. Қарор аст, ин сафари ҳунарӣ бо ду барномаи консертӣ дар шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе хотима ёбад. {jathumbnail off}