Ҳарчанд дар Хитой оид ба вазъи саломатии собиқ роҳбари ин кишвар чизе намегӯянд, ВАО-и Ҳонк-Конг хабари марги Тсзян Тсземинро воқеият нишон дода, шаби гузашта иттилоъро нашр кардаанд.
Маврид ба ёдоварист, Тсзян Тсземин солҳои 1989-2003 (14-сол) ба симмати райиси ҳукумати давлати мардумии Чин ифои вазифа кардааст. Дар қиёс ба ҳамтои пешини худ- Ден Сяопин, Тсземин дар симои худ ислоҳотчиро тасаввур ҳам намекард. Ӯ вазифаи худро дар татбиқи марҳила ба марҳилаи ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ медид. Ҳамзамон ҷиддан кӯшиш дошт, ки мавқеъи роҳбарикунандаи ҲК-ро дар Хитой нигоҳ дорад. Моҳи ноябри соли 2002 Тсзян Тсземин заминаҳои интиқоли ҳукуматро тарҳрезӣ карда, сараввал роҳбарии ҳизбро ба ҷойгузинаш Ху Тсзинтао бовар кард. Ху дар моҳи марти соли 2003 вазифаи райисии ҳукумати ин кишварро низ аз они худ кард, аммо то сентябри соли 2004 Тсзян Тсземин ба ҳайси райиси Шӯрои низомии марказӣ фаъолият дошт, ки ин ниҳод қувваҳои мусаллаҳи Хитойро таҳти назорат дорад.{jathumbnail off}