Мадонна: “ИМА! Барои рифоҳи башарият ба корҳои Сурия дахолат накун”
Мадонна, овозхон, продюсер ва коргардони маъруф алайҳи амалиёти ҳарбии ИМА дар Сурия баромад кардааст.
Паёми тасвирии ӯ, ки шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардаанд "ИМА! Барои рифоҳи башарият ба корҳои Сурия дахолат накун" унвон дорад.
Мадоннаро бештари сокинони Амрико пуштибонӣ мекунанд. Тибқи назарсанҷие, ки хабаргузории Reuters анҷом додааст, 56 дар сади амрикоиҳо гуфтаанд, ИМА набояд ба ҷанги шаҳрвандии Сурия дахолат кунад. Танҳо 19 фисад аз амалиёти ҳарбӣ пуштибонӣ кардаанд. 25 фоизи дигар гуфтаанд, намедонанд, кадом тасмими ҳукумат дуруст аст.
Барак Обама, президенти ИМА аз конгресс санксия барои амалиёти ҳарбӣ алайҳи Сурияро хост. Вашингтон мегӯяд, мақомоти Сурия 21-уми август аз силоҳи кимиёӣ истифода кардаанд, ки мунҷар ба ҳалокати беш аз 1,4 ҳазор нафар шудааст. Аммо ҳукумати Башор Асад, райисҷумҳури Сурия дар истифодаи силоҳи кимиёвӣ мухолифонашро гунаҳкор мекунад.
Мадонна яке аз ситораҳои муъруфи шоу-бизнес дар ҷаҳон аст. Маҷаллаи Forbes ахиран ӯро дар садри рейтинги маъруфтарин ҷеҳраҳое нишонд, ки дар соли 2013 маблағи ҳангуфт ба даст овардаанд. Ба навиштаи маҷалла даромади Мадонна 125 миллион доллар будааст.