"Низомиёни тоҷику қирғиз се миллион доллари Ҷопонро дар киса заданд"
Турсунбой Боқир-уулу, вакили парлумони Қирғизистон мақомҳои баландпояи низомии Бишкеку Душанберо дар азхудкунии 3 миллион доллари Ҷопон муттаҳам мекунад.
Ин намояндаи мардумии қирғиз мегӯяд, ҳангоми ҳодисаи Бодканд дар соли 1999 мақомҳои баландпояи низомии Қирғизистону Тоҷикистон 3 миллион доллари Ҷопонро, ки барои раҳоии геологҳои ҷопонӣ аз гарав ҷудо шуда буд, миёни худ тақсим кардаанд.
Ба гуфтаи Боқир-уулу, Болот Жанузаков, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва Мисир Аширкулов, котиби Шӯрои Вазорати дифои Қирғизистон бо раҳбарони ҳарбии Тоҷикистон аз сафири Ҷопон 3 миллион доллар гирифтаанд.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ гаравгирон барои раҳоии ин геологҳои Ҷопон маблағе талаб накарда будаанд.