Ҷенифер Лопес барои сурудхонӣ дар зодрӯзи президент узр пурсид
Ҷенифер Лопес, аз маъруфтарин овозхонҳои амрикоӣ бо гузашти наздик ба се моҳ аз ҳунарнамоияш дар ҷашни мавлуди президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, онро иштибоҳ хондааст. Дар ин бора Fox News хабар додааст.
Ҳанӯз қабл аз вориди Туркманистон шудани овозхон чанде аз ҳомиёни ҳуқуқ аз ӯ интиқод карданд. Дар изҳороти онҳо гуфта мешуд, ӯ барои пул шуда назди диктаторҳо ҳунарнамоӣ мекунад. Human Rights Watch, як созмони дифоъ аз ҳуқуқ Туркманистонро яке аз кишварҳои дорои «режими шадиди репрессия» дар ҷаҳон номид. Худи хонуми Лопес аъзои созмони Amnesty International мебошад.
Бо гузашти наздик ба се моҳ Лопес дар мусоҳиба бо маҷаллаи Cosmopolitan гуфта, ӯ иштибоҳ кардааст: «Медонам, ки барои бисёриҳо ман намуна ҳастам. Ин маънои онро дорад, ки бояд барои амалҳоям масъул бошам. Ман эътироф мекунам, ки иштибоҳ кардаам. Ман ҳам мисли ҳама инсон ҳастам ва баъзан тасмимҳои нодуруст мегирам», -изҳор доштааст ӯ.
Ҷенифер Лопес дар 56-умин солгарди рӯзи мавлуди Бердимуҳаммедов дар охири моҳи июн суруди 'Happy birthday, Mr. President'-ро хонд. Гуфта мешавад, барои ин ҳунарнамоӣ Лопес 1,5 миллион доллар гирифтааст.