Убайдуллоев ба 6 ҳазору 402 нафар маблағ дод
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, қарор кардааст, то 7-уми сентябр, бахшида ба ҷашни 22 –юмин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон, ба собиқадорон, маъюбон ва кормандони соҳаи роҳу кабудизоркунии пойтахт аз 500 то 750 сомонӣ, кӯмак ироа гардад.
Шавкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки дар маҷмуъ ба 6402 нафар сокини пойтахт аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳрӣ 3 млн. 605 ҳазору 950 сомонӣ кӯмак расонда хоҳад шуд: “Аз ҷумла ба 131 нафар маъюбон ва иштирокчиён Ҷанги Бузурги Ватании солхои 1941-1945 ба андозаи 750 сомонӣ, ба 396 нафар оилаи шахсоне, ки ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардидаанд, 5 нафар ҳамсарони ҷанговарони дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалокгардида, 3 нафар муҳосирабудагони шаҳри Ленинград ва 142 нафар раисони Шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ба андозаи 700 сомонӣ ва ба 79 нафар шахсони бо ордену медалҳои ИҶШС барои меҳнати фидокорона ё хизмати бенуқсони ҳарбӣ дар акибгоҳ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ сарфарозгардида, 310 нафар шахсоне, ки зиёда аз шаш моҳ дар акибгоҳ кор кардаанд, 114 нафар маъюбони амалиётҳои ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), 174 нафар маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва 3726 нафар кормандони раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳр ва сохторҳои кабудизоркунӣ 500 сомонӣ, кӯмакпулии яквақта ҷудо карда шуд.”
Хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ меафзояд, ки дар иртибот 6 сентбяри соли 2013 дар дар дафтари шаҳрдорӣ аз ҷониби Маҳмадсаид Убайдуллоев ба фаъолону собиқадорони пойтахт дар ҷаласаи тантанавӣ мукофотпулӣ дода шуд. Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар кадоми онҳоро табрик гуфта, хоҳони он шудааст, ки минбаъд низ нерӯ, имконот, масъулият, таҷриба ва малакаи созандагии онҳо ба нафъи ҷомеаи пойтахт раҳнамун гардад.