Ҷонибек дар “Самарқанд” консерти хайрия медиҳад (САДО)
Ҷонибек Муродов, овозхони маъруфи поп 12-уми сентябри соли ҷорӣ (соати 19:00) дар маркази фарҳангӣ-фароғатии “Самарқанд”-и Лондон ҳунарнамоӣ мекунад.
Беҳрӯз Зеваров, продюсери Ҷонибек ба “Озодагон” гуфт, ин консерт хайриявӣ мебошад: “Консерти мазкурро Хазинаи хайриявии “Пешрафт” созмон дода, тамоми маболиғи аз фурӯши чипта ба дастомада барои корҳои хайриявӣ масраф мешавад”. Ҷонибек Муродов соли сипаришуда низ дар арафаи ҷашни Наврӯз дар маркази фарҳангӣ-фароғатии “Самарканд” ҳунарнамоӣ карда буд.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 6-уми сентябр дар интернет барои аввалин бор клипи “Ҷудоӣ”-и ӯ муаррифӣ мегардад. Ҳамчунин, Ҷонибек ду таронаи худро сабт кардааст, ки феълан дар ҳоли танзим шудан ҳастанд. “Озодагон” яке аз ин сурудҳоро, ки бо шеваи теҳронӣ иҷро шудааст, дар ихтиёр дошта, порае аз онро барои хонанда пешниҳод мекунад:
Ҷонибек Муродов, фарзанди овозхони маъруф Ҷӯрабек Муродов буда, 29-уми майи соли 1988 таваллуд шудааст. Аз соли 1998 то 2005 дар гуруҳи “Боло” ва аз соли 2006 то 2007 дар гуруҳи “Вазир” ҳунарнамоӣ кардааст. Шуруъ аз соли 2007 ба танҳоӣ овозхонӣ мекунад.
Вай ду бор ба дарёфти ҷоизаи Big Apple Music Awards, яке аз ҷоизаҳои маъруфи мусиқӣ дар Амрико шарафёб шудааст. Моҳи ноябри соли 2009 «Беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон» ва соли 2011 «Беҳтарин овозхони Осиёи Миёна» шинохта шуд.
Ҳамчунин солҳои 2005, 2006 ва 2007 ҷоизадори озмуни ҷумҳуриявии «Суруди сол», соли 2008 ғолиби озмуни «Ситораи сол» шуд. Вазорати фарҳанг ҷоизаи «Беҳтарин сарояндаи соли 2011»-ро ҳам ба Ҷонибек супурд. Ҳамчунин дар ин сол вай ҷоизаи «Беҳтарин клип»-ро соҳиб гардид.