Узбакистон 200 вагони Қирғизистонро боз доштааст
Узбакистон тули 15 рӯз мешавад, беш аз 200 вагони маводи сухт, ғизоӣ ва масолеҳи сохтмонии Қирғизистонро манъ кардааст.
Абдумухтор Маматов, вакили парлумони Қирғизистон, ки рӯзи 5-уми август зимни ҷаласаи парлумоние дар ин бора, ҳарф мезад, аз мақомоти давлатии ин кишвар хостори ҳалли ҳарчи зуддари ин мушкилот шуд. Ӯ гуфт, мақомти қирғиз бояд фавран ин масъаларо баррасӣ кунанд, ки Узбакистон ба чӣ далел аз 20 августи соли ҷорӣ то кунун вагонҳои моро боз доштааст.
Намояндаи қирғиз мегӯяд, дар ҳоле вагонҳои мо дар муҳосараи Тошканд қарор гирифта, нархи молу коло дар кишвар боло меравад, раҳбарияти Корхонаи роҳи оҳани Қирғизистон дар ин бора иттилоъ надорад. Маматов гуфт, раҳбарияти роҳи оҳани Қирғизитон бояд ҳарчи зудтар ба Тошканд сафар намуда, то ин мушкил ҳал нашавад, бознагардад.