Озариҳо даъво доранд, ки Низомӣ намояндаи адабиёти онҳост, на форсҳо
Озарбойҷон ба хотири аз худ кардани Низомии Ганҷавӣ катибаҳои бо забони форсӣ навишташударо аз мақбараи ӯ дар ин кишвар барчидааст.
Халил Юсуфӣ, мудири Маркази Низоми Ганҷавии Академияи миллии улуми Озарбойҷон гуфтааст, тамоми катибаҳои ашъоре, ки бо хатти форсӣ дар мақбараи Низоми Ганҷавӣ овезон буданд, ба забони озарӣ тарҷума карда мешаванд. Ба гуфтаи Юсуфӣ, ин амал ба хотири он сурат мегирад, то ҳама бидонанд: Низоми Ганҷавӣ намояндаи адабиёти Озарбойҷон аст. “Баъзан зоирони мақбараи Ганҷавӣ бо дидани катибаҳои бо хатти форсӣ имлошуда фикр мекунанд, ки ин шоири форсизабон будааст”,-афзудааст ӯ.
Юсуфӣ афзуд, тамоми ашъори форсии Низоми Ганҷавӣ, ки дар осорхона вуҷуд дорад, бо забони озарӣ тарҷума карда мешаванд. Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи расонаҳои эронӣ, Муҳсини Покойин, сафири Эрон дар Боку, бо раисҷумҳур ва вазири фарҳанги ин кишвар барои бозгардондани катибаҳои форсӣ ба мақбараи шоири форсигӯ Низомии Ганҷавӣ мулоқот ва гуфтугӯ кардааст.
Муҳсини Покойин гуфтааст, “умедворем бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Низомии Ганҷавӣ тамоми ашъори худро ба забони фрсӣ сурудааст ва ҳатто як байти шеър ҳам ба забони туркӣ надорад, ин катибаҳо ба ҳоли аввали худ бозгардад.”
Абумуҳаммад Илёс ибни Юсуф Закии Муайяд, мутахаллис бо номи Низомӣ, соли 1141 дар шаҳри Ганҷа таваллуд ёфтааст. Ганҷа он вақт маркази Озарбойҷони шимолӣ буда, шаҳри бузургу тараққикарда ҳисоб меёфт.