А. Саттор: Нақзи ҳуқуқи журналистон дар интихобот ҷавобгарӣ дорад
Акбаралӣ Саттор, раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, имрӯз, 6-уми сентябр, дар ҳузури Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ҳуқуқҳои журналистонро дар ҷараёни интихобот номбар карда, таъкид намуд, ки ҳар ҳолати нақзи ҳуқуқҳои журналистон дар мақомоти суду прокуратура баррасӣ хоҳанд шуд.
Акбаралӣ Саттор гуфт, хабарнигорон ҳақ доранд, ҷараёни маъракаи таблиғотии пешазинтихоботиро инъикос намоянд, бо намояндагони аҳзоби мухолиф мулоқот кунанд, дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҳузур дошта бошанд ё бо қутии сайёри интихоботӣ бираванд, аммо ҳақ надоранд, бигӯянд, ки ба тарафдории ин ё он номзад овоз диҳед.
Раиси иттифоқи журналистон гуфт, ҳолатҳои нақзи ҳуқуқи хабарнигорӣ дар мақомоти прокуратура ва суд баррасӣ шуда, дастандаркорон муҷозот хоҳанд шуд.
Шермуҳаммади Шоҳиён низ нақши Васоити ахбори оммаро дар ҷараёни интихобот муҳим хонда, аз расонаҳо даъват намуд, то ҳаводисро яктарафа инъикос накунанд.
Аз ҷумла Шоҳиён хабари бархе аз расонаҳоро, ки гӯиё КМИР аз мақомоти маҳаллӣ хостааст, рӯйхати фаъолони аҳзоби мухолифро пешкаш кунанд, нодуруст гуфт. Ӯ гуфт, назорат ва талаби аъзои аҳзоби сиёсӣ ба салоҳияти КМИР нест, ба ин кор Вазорати адлияи Тоҷикистон машғул аст.
Шоҳиён аз расонаҳо даъват намуд, ҳар иттилое, ки дар мавриди фаъолияти комиссияи интихоботӣ пайдо мешавад, пеш аз нашр назари КМИР пурсида шавад.