“Бунёди қасру харидории мошинҳои зебо дуруст аст, агар...”
Сомонаи Turajon.org, торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо, аз рӯҳониёни саршиноси Тоҷикистон харидории мошинҳои зебо ва бунёди хонаҳои боҳашаматро аз нигоҳи Ислом раво донистааст.
Ин торнамо дар посух ба суоли яке аз корбаронаш гуфтааст, хонаи зебо пӯшидан ё мошини зебо харидан вобаста ба вазъияти иқтисодии инсон мешавад. “Агар шахс тавони ин ҳамаро дошта бошад, ҷоиз аст”,-гуфта шудааст дар торнамо.
Вале ба навиштаи Тurajon.org, агар сабаби харидани чунин хонаву мошинҳо қасди исроф ва кибр бошад, пас, дар ин сурат дуруст нест. Торнамои хонаводагии бародарон Тӯраҷонзодаҳо аз қавли Паёмбар (с) иқтибос оварда, мегӯяд, ҳар гоҳ Худованд ба бандааш неъматеро раво бинад, дӯст медорад, ки асарашро дар ӯ бинад: “Ҳар гоҳ, ки Худо ба ту мол дода бошад, пас, асари неъматҳои додаашро нишон деҳ. Ӯ дӯст медорад, ки асари неъматашро бар бандаи худ бинад.”