Ифтитоҳи фаввораи "раққос" ва корхонаи тероллейбусбарорӣ
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, иншооте, ки тайи ду рӯз дар шаҳри Душанбе бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шудаанд, қариб сеюним ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам овардаанд, ки туҳфаи ҳукумат ба сокинони пойтахт дар арафаи солгарди 22- юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст.
Аз ҷумла Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон нимаи дуюми 5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе як бинои 14 қабатаи “Рӯдакӣ Плаза”, мағозаи китоб дар бинои “Пойтахт-80” ва як иншооти нави саноатӣ – Корхонаи воҳиди давлатии “Насби нақлиёти барқӣ (тролейбус) ва дучарха”-ро расман ифтитоҳ намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон бунёди корхонаи троллейбусбарорӣ 31 августи соли 2011 оғоз ёфта, пас аз 2 сол бо харҷи 13 миллион сомонӣ ба кор дароварда шуд.
Ба иттилои манбаъ ин корхона фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо корхонаи троллейбусбарории ТРОЛЗА-и шаҳри Энгелси вилояти Саратови Федератсия Русия ба роҳ монда, асосан ба ҷамъоварии троллейбусҳо аз қисмҳои эҳтиётии он машғул аст: “Дар марҳилаи кунунӣ танҳо 10%-и корҳои ҷамъоварии ниҳоии троллейбус дар ин корхона анҷом дода мешавад. Яъне троллейбусҳо аз корхонаи ТРОЛЗА-и Русия бо ҷамъоварии 90-фоиза ба шаҳри Душанбе дастрас мегарданд ва 10% корҳои ниҳоӣ дар ин ҷо анҷом дода мешаванд. Дар ин корхона танҳо дару тиреза, чароғҳои беруну дарун, курсиҳо ва дигар қисмҳо насб мегардад. Ба ҳамин тартиб ҳоло дар ин ҷо 4 адад троллейбус омода гардидааст. Оянда дар ин ҷо ҷамъоварии 35-40- фоизаи троллейбусҳо ба роҳ монда мешавад. Минбаъд, ҳамчунин истеҳсоли троллейбусҳои гибрид дар назар аст, ки бе пайвастшавӣ ба хатти барқӣ бо нерӯи аккумулятор аз 10 то 40 км ҳаракат мекунад.”
Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, бо иқтидори кунунияш ин корхона дар як сол метавонад 60 адад троллейбус омода созад, вале ҳаҷми ин кори корхона вобаста ба дархостҳои фармоишгарон аст: “То охири сол дар корхона 15 троллейбуси нав ҷамъоварӣ ва 15 то кӯҳнааш навсозӣ мешавад.”
Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар паҳлӯи ин корхона ҳамчунин нуқтаи фурӯши гази табиӣ ва моеъ сохта шудааст, ки пеш аз ҳама, барои автобусҳои ҷамъиятии пойтахт пешбинӣ гардидааст, то ки онҳо дар фурӯшгоҳҳои дигар бисёр дар навбат наистанд.
Баъди ифтитоҳи ин корхона, бегоҳии 5-уми сентябр, президент, Эмомалӣ Раҳмон ба саҳни театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, фаввораҳои назди онро, баъди тармиму навсозӣ, дубора ба кор даровард.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти президент, фаввораҳои ин мавзеъ, ки тайи даҳсолаҳо макони дӯстдоштаи сайру тамошои сокинону меҳмонони Душанбешаҳри ҷавон буду ҳаст, пас аз навсозӣ бо технологияи муосири компютерӣ идора мешавад: “Фаввораҳо акнун бо мусиқиҳои гуногун ҳамоҳанг шуда, ҳаракатҳои мавзун доранд. Ба таври дигар гӯем акнун инҳо фаввораҳои рақскунанда гардидаанд.”
Хадамоти матбуот мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ҷамъшуда чанд лаҳза ҳаракатҳои зебои фаввораҳоро, ки бо ҳамоҳангии дақиқ бо мусиқӣ ҷараён гирифтааст, тамошо карда, ҳаловат бурдааст.