Президенти Бошқирдистон аз гӯшаи Тоҷикистон тавсиф кард (ВИДЕО)
Тоҷикистонро дар ҷашнвораи байналмилалии фарҳанги миллӣ, ки зери унвони “Ахтари дӯстӣ” дар Нефтекамск баргузор шуд, се нафар намояндагӣ карданд.
Беҳрӯз Зеваров, продюсери шинохтаи тоҷик ба “Озодагон” гуфт, дар фестивали мазкур, ки бахшида ба 50-солагии шаҳри Нефтекамски Бошқирдистони Русия созмон ёфт, ӯ, Ховар Муродов, овозхони ҷавон ва раққоса Албина Алмакаева ширкат намуданд.
“Ховар Муродов дар ин ҷашнвора ду тарона - «Зулайхо» (русӣ) ва «Парӣ» (тоҷикӣ)-ро иҷро кард. Ману Албина дар намоишгоҳ гӯшаи Тоҷикистонро барои сокинон ва меҳмонони Нефтекамск муаррифӣ кардем”,-афзуд Беҳрӯз Зеваров.
Ба қавли ҷаноби Зеваров, тарҳи гӯшаи Тоҷистон аз хонаҳои тоҷикӣ, суфра ва ороишоти миллӣ мураккаб шуда буд: “Президенти Бошқирдистон вақте аз гӯшаи Тоҷикистон дидан кард, хурсанд шуд. Рустам Ҳамитов гуфт, аз фарҳанги бой ва ғании тоҷикон хеле муассир шудааст ва афзуд, ки ин гӯша барояш хуш омадааст”.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, туҳфаҳое, ки аз Тоҷикистон бурда буданд барои сокинон ва меҳмонҳои Нефтекамск хеле писанд омадааст. “Вақте фестивал тамом шуд, ба мо пешниҳод карданд, ки консерти Ховар Муродовро дар шаҳрҳои Қазон, Уфа ва Маскав созмон бидиҳем. Ҳоло тасмим дорем, ки то Наврӯз дар Русия барномаҳои ҳунарии Ховар баргузор шавад”,-илова кард ӯ.
Ховар Муродов ба тозагӣ вориди шоу-бизнес шуда ва ахиран нахустин албоми таронаҳояш бо номи “Ман хиёнаткор нестам”-ро вориди бозор кард.