Ташвиши Раҳмон: Мактаббачаҳо дар 7 моҳ 500 ҷиноят кардаанд
Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 5-уми август, ҳангоми ифтитоҳи мактаби нав дар ноҳияи Ҳисор, аз ҷавонону наврасон даъват намуд, ки "фирефтаи ҳадафҳои ғаразноки гуруҳҳои алоҳида нагарданд".
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳур мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба таҳлилҳо изҳор доштааст, ки аз беаҳамиятии баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ истифода карда, равияву ҷараёнҳои тундрав ва ифротгаро як қисми ҷавонону наврасони ноогоҳро ба доми худ мекашанд. “Ҷавонону наврасони мо набояд фирефтаи дасисаи гурӯҳҳои ифротгаро шуда, ҳаёти хешро қурбони нақшаҳои ғаразноки онҳо гардонанд”,-таъкид кардааст ӯ.
Оқои Раҳмон инчунин аз ҷангҳои байнимактабиву задухӯрдҳои байниҳамдигари мактабхонҳо изҳори нигаронӣ намуда, афзудааст: “Худ қазоват кунед, танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ кариб 500 ҳолати ҷинояткории аз ҷониби мактаббачаҳо содиршуда ба қайд гирифта шудааст. Ин масъалаи бисёр ҷиддӣ ва ташвишовар буда, ҷиддан тақвият бахшидани корҳои тарбиявиро бо насли наврас тақозо менамояд.”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, дар пешгирӣ намудани чунин падидаҳо падару модарон бештар бояд масъулиятшинос бошанд, зеро, пеш аз ҳама, онҳо бояд бо рафтору гуфтор ва кирдори неки хеш фарзандонро ба роҳи рост раҳнамоӣ кунанд.