Шаҳрванди Қазоқистон гуноҳи сӯиқасд ба ҷони Путинро ба гардан гирифт
Иля Пянзин, шаҳрванди 28-солаи Қазоқистон иқрор намудааст, ки қасди куштани Владимир Путин, раисиҷумҳури Русияро дошт.
Ба навиштаи нашрияи русии “Известия”, Пянзин ба хотири ҳамкорӣ бо мақомот ва сабук шудани ҷазояш ба гуноҳи худ иқрор намуда, рӯзи 6-уми сентябр барои шоҳидӣ додан ба додгоҳ ҳозир мешавад.
Ин дар ҳолест, ки ин шаҳрванди Қазоқистон дар гузашта дастдоштани худро дар суиқасд ба ҷони Путин рад карда, аз болои кормандони амнияти Украина ба Хадамоти федералии амниятӣ шикоят бурда буд. Ба гуфтаи Пязин, кормандони амнияти Украина ӯро моҳи январи соли 2012 дар шаҳри Оддеса боздошт карда, тавассути фишору шиканҷа маҷбур кардаанд, то суиқасд ба ҷони раисиҷумҳури Русияро бардуш гирад.
Маврид ба зикр аст, ки Иля Пязин ва Руслан Мадаев, шаҳрванди 26-солаи Чеченистон дар сӯиқасд ба ҷони Владимир Путин муттаҳам мешавад. ба гуфтаи мақомоти амниятии Украина айбдоршавандаҳо аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба шаҳри Одесса омада, дар инҷо аз байн бурдани раисиҷумҳури Русия омодагӣ медидаанд.
Мурофиаи додгоҳии Руслан Мадаев дар суди Одесса идома дошта, ӯ гуноҳи сӯиқасд ба ҷони Путинро то ҳол бардуш нагирифтааст ва мегӯяд, мақомоти амниятии Украина ба фишор оварда истодаанд.