Мирзохӯҷа Аҳмадов гуфт, "то ҷон дорам, хидмат мекунам..."
Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ), мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ба боғдорӣ машғул аст ва агар мақомот расман ӯро ба вазифае таъин кунанд, барои мардуму Ватанаш хидмат хоҳад кард.
Рӯзи чоруми сентябри соли ҷорӣ манобеи Вазорати дифои Тоҷикистон эълон карданд, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов ба ҳайси мутахассиси пешбари яке аз раёсатҳои ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи Рашт таъин шудааст. Аммо оқои Аҳмадов мегӯяд, ҳоло дар ин бора расман ӯро огоҳ накардаанд. Ҳарчанд ба гуфтаи Мирзохӯҷа Аҳмадов, мақомот дар ин бора моҳе пештар бо ӯ суҳбат доштаанд ва ӯ ҳам ризоияташро дода будааст.
“Дар ҷавоб ба пешниҳоди мақомот гуфта будам, ки агар синну солам дуруст гирад, омодаам ба мардум ва Ватани худ хидмат кунам”,-афзуд ӯ.
Мирзохӯҷа Аҳмадов дар идома гуфт, бачаҳое, ки дар гузашта ҳамроҳи ӯ буданд, ҳоло дар ҳар ҷое ҳастанд. Ба қавли ӯ, “баъзеяшон дар зиндону баъзеи дигар ҳам дар Русияанд. Онҳо аз пайи кору зиндагии худанду ман аз пайи кору зиндагии худ.”
Номи Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони пешини ИНОТ, панҷ сол боз дар матбуоти дохилу хориҷ чарх мезанад. Соли 2008 мақомоти Тоҷикистон ӯву ёронашро дар қатли Олег Захарченко, муовини фармондеҳи ОМОН, муттаҳам дониста буданд.
Баъдан, дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи мухолифони мусаллаҳ дар Рашт, ки аз моҳи августи 2010 то майи 2011 идома кард, оқои Аҳмадов дар пинҳон кардани Мулло Абдулло, ҳимоят аз Алии Бедакӣ ва ҳамла ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъ муттаҳам мешуд. Ҳатто дар як барномаи телевизонӣ мақомот ӯро ҳамчун террорист муаррифӣ карда буданд. Аммо баъд аз як гуфтушунид бо мақомоти давлатӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов мақомотро мӯътақид кард, ки дар ин ҷурмҳо даст надорад ва омодааст барои муқобила бо мухолифони мусаллаҳ ба ҳукумат кумак кунад.