Тӯраҷонзода: “Илтимоси ман ҳамин ки номусро аз даст надиҳед”
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷик, ҲНИТ-ро “ормони оянда” дониста, аз аъзову ҷонибдорони он хостааст, ба амонате ки дар дасташон ҳаст, хиёнат накунанд.
Оқои Тӯраҷонзода рӯзи чоруми сентябр, ҳангоми роҳандозии сайти русии Наҳзат.ТҶ дар ин бора сухан гуфта, афзудааст, “ҳамаамон кӯшиш кунем, ки Наҳзатро ҳифз кунем. Наҳзат ин ормони ояндаамон аст.”
Ба қавли Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ҳоло ҷавонони боистеъдод, махусусан аъзо ва ҷонибдорони наҳзатро бо пулу мол, бо фиребу найранг ва бо таҳдид кӯшиш мекунанд, ки аз ҳизб хориҷ кунанд. “Кӯшиш доранд, ки бо маблағҳои калонтар ба дигар ҷойҳо истихдом кунанд. Аз ҳамаи Шумо илтимоси ман ҳамин аст, ки номусро аз даст надиҳед. Касе ки дар ин риштаҳо кор мекунед, ин дасисаҳои душманро фаромӯш накунед. Ба ҳамаатон ибтикори амал мехоҳам”,-таъкид доштааст ӯ.
Ин рӯҳонӣ ва сиёсатмадори маъруфи тоҷик дар идома аз он нигаронӣ кардааст, ки ҳоло минбарҳо дар дасти касонест, ки дилашон ба Ислому пайравони он намесӯзад. Вай гуфтааст, “бубинед, ду фоҷиае, ки моҳи гузашта ошкор шуд; яке дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дигаре дар ноҳияи Қумсангир, ки бо духтарони худашон ҳамхоба шудаанд. Онҳо тоҷиканд ва худро мусалмон мегиранд. Ҳамин нишонаи он аст, ки дигар чанд сол аст, ки амри маъруф ва наҳйи мункир нест. Мардум имкони шунидани аҳкоми илоҳӣ, мавъизаҳои ба дил ва андеша таъсиркунандаро надоранд ва барои шунидани чунин мавъизаҳо минбар нест ва гӯяндае нест. Гӯяндаҳое, ки имрӯз минбарҳоро забт кардаанд, аслан дар ғами Ислом ва дар ғами наҷоти ин миллат нестанд ва аслан дар ғами ислоҳи ахлоқии ин миллат нестанд.”
Аз ин рӯ, оқои Тӯраҷонзода Ҳизби наҳзати исломиро барои тарбияи мардум хеле муҳим донистааст. ҲНИТ ҳоло бо бештар аз 40 ҳазор узв ҳизби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад.