Ҳамлагари эронӣ беҳтарин бозигари Тоҷикистон эълон шуд
Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Ҳусейни Суҳробӣ, ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанберо беҳтарин бозигар, Олег Ширинбеков, сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанберо беҳтарин мураббӣ ва Раҳмон Муртазоевро беҳтарин довари моҳи август эълон кард.
Тавре сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон навиштааст, ба беҳтаринҳои моҳи август ҷоизапулӣ ба маблағи 500 сомонӣ супурда хоҳад шуд.
Ҳусайн Суҳробӣ, ҳамлагари эронии дастаи “Истиқлол” моҳи август дар ду бозии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон ба дарвозаи футболбозони дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд 5 гол задааст.
Федератсияи футболи Тоҷикистон моҳи июн Дэвид Мауто, нимҳимоятгари дастаи “Равшан”-и Кӯлобро беҳтарин бозигар, Тоҳир Муъминов, сармураббии дастаи “Энергетик”-и Душанберо беҳтарин мураббӣ ва Диловаршоҳ Орзуевро беҳтарин довари моҳи июн эълон карда буд.