Сафари нахустини Варсӣ ба Душанбе ва дидораш бо Раҳмону Зарифӣ
Борунес Саеда Варсӣ, як мақоми баландпояи Вазорати умури хориҷии Бритониё, дар доираи як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
Ба иттилои дафтари матбуоти сафорати Бритониён дар Тоҷикистон, сафари Борунес Саеда Варсӣ ба Душанбе рӯзи 6-уми сентябр сурат гирифта, ин нахустин боздиди ӯ аз Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Интизор меравад, муовини аввали вазири умури хориҷии Бритониё дар ин сафари худ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамтои тоҷикаш Ҳамрохон Зарифӣ ва Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар мулоқот намояд. Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафари Борунес Саеда Варсӣ ба Тоҷикистон масоили гуногуни марбут ба ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ, амният ва осоиштагӣ дар Осиёи Миёна, тиҷорат ва сармоягузорӣ, саҳми Бритониё ва ширкатҳои ин кишвар дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ва ҳуқуқи инсон матраҳ хоҳад шуд.